ДИҚҚАТ! ДИҚҚАТ! ДИҚҚАТ!

ҶДММ «Аркон ЛТД» барномаи дастгирии омӯзиш дар солҳои 2019-2020 дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Истаравшан ва ноҳияи Спитамен эълон менамояд!

Ҳадафи дастгирии барои омӯзиш таъмин кардани ҷавонони синни 8- 16 солаи ғайриашроф ва камбизоат бо имконияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва густариши маҳоратҳои роҳбарӣ мебошад.

Мӯҳлати давомнокии барнома: аз 01.03.2019 сол то 01.03.2020 сол

Намуди дастмузд: дар чорчӯбаи барнома ба ҷавонон омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва китобҳо ройгон муҳайё карда мешавад.

Талабот ба иштирокчиёни Барнома:

Дархосткунандагон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба намояндагии
ҶДММ «Аркон» супоранд:

1. Хатти таваллуд (аслӣ ва нусха)
2. Ҳуҷҷатьое, ки дар бораи камбизоат/нопурра будани оила маълумот медиҳанд:
— тасдиқнома аз Ҳукумат, ки дар бораи ворид намудани оила ба теъдоди оилаҳои кабизоат хабар медиҳад;
— маълумотнома аз ҷои кори падар ва модар бо нишондоди ҳаҷми маоши моҳона;
— нусхаи хатти вафоти модар/падар ва ё ҳар ду;
— нусхаи хатти талоқи падару модар;
3. Маълумотнома аз мактаб (бо нишондодҳои натиҷаи таҳсил аз ҳама фаннҳо) – аслӣ;
4. Тавсия аз тарафи роҳбари синф ва омӯзгори забони хориҷӣ дар мактаб.
5. 2-то сурат 3х4
6. Саволномаи пуркарда (шаклҳо аз тарафи намояндагони ҶДММ «Аркон ЛТД» пешниҳод карда мешаванд ва ё аз сомонаи www.arkon.tj )

Қабули дархостҳо: аз 5-уми январ то 15 феврал соли 2019

Таҳлили дархостҳо: аз 16-ум то 26 феврали соли 2019

Гузаронидани озмуни нақли хаттӣ ва мусоҳибаҳо: аз 27 то 28 феврали соли 2019

Оғози таҳсил дар Барнома: аз 1-ми марти соли 2019

Маълумоти иловагиро аз намояндагии ҶДММ «Аркон ЛТД» дар марказҳои забономӯзӣ ва таълимӣ ва дар сомонаи www.arkon.tj дарёфт карда метавонед.

Суроғаи мо:

• ш.Хуҷанд (20 мкр, «Кохи Матбуот», 3 ошёна). Тел.: 926441001

• ш.Хуҷанд, кӯч.Аҳмади Дониш, 3 (рӯ ба рӯи ОВД). Тел.: 926307575

• ш.Хуҷанд, 19 мкр, чоркӯчаи Раҳимӣ. Тел.: 926401001

• ш.Конибодом, кӯч.Бобомансур, 26 (бинои Бародарон, 2 ошёна). Тел.: 926122020

• Ноҳияии Спитамен, кӯч.Спитамен, 52. Тел.: 926121010

• ш.Истаравшан, хиёбони И.Сомонӣ, 134. Тел.: 926281666